ВУСЪАТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГӢ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми соли 2010 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Суғд 143004,4 ҳазор сомонӣ маблағ ё 24,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузорӣ истифода шудааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин муддат хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 327273 метри мураббаъ бунёд шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз зиёд аст. Хонаҳои истиқоматӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ба масоҳати 321 075 метри мураббаъ, идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — хонаи иcтиқоматии 36-ҳуҷрадор ба масоҳати 3156 метри мураббаъ, дар шаҳри Панҷакент 16 хона ба масоҳати 1280 метри мураббаъ, дар ноҳияи Зафаробод 22 хона ба масоҳати 1762 метри мураббаъ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соли 2010 аз ҳисоби маблағи соҳибкорони хусусӣ беморхона барои 24 кат, дармонгоҳ барои қабули 30 бемор дар як баст ва мактабҳо барои 780 ҷой, аз ҳисоби маблағи давлатӣ беморхонаи касалиҳои сил барои 20 кат, таваллудхона барои 35 кат дар ноҳияи Шаҳристон, мактабҳо барои 3 266 ҷой ва варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Хуҷанд ва аз ҳисоби маблағи ташкилотҳои хориҷӣ мактаб барои 96 ҷой бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






