ЯҒНОБИҲО МАКТАБ ВА БУНГОҲИ ТИББӢ МЕСОЗАНД

Январь 10, 2011 12:36

   Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов, муовини ӯ Акрам Қосимов, сармеъмори ноҳия Одил Одилов ва сардори ҶММ «Фалғар» Шавкат Саидов аз мавзеи соҳили Пуларовути водии Яғноб дидан намуданд. Ин ҷо барои мардуми муқими деҳоти Тасех, Таги чанор, Ғармайн, Наметкон ва Пуларовут тариқи ҳашар мактаб ва бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад.   Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад аз буҷаи вилоят 36,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба миқдори кофӣ семент, чӯбу тахта, тунука харид ва захира шудааст.

Январь 10, 2011 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад