ЗАҲМАТ ХУБ, НАТИҶА ОЛӢ

Январь 19, 2011 09:41

    Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов, дар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), шахсони инфиродӣ ва аҳолӣ ба 9 млрд. 391 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 597 млн. сомонӣ зиёд аст.   Дар соли сипаришуда маҷмўи маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ – 106 фоиз, соҳаи чорводорӣ 107 фоиз афзоиш ёфтааст.     Ба гуфти муовини вазир, дар соли 2010 истеҳсоли ѓалла ба 1 млн. 261 ҳазор тонна, пахта ба 310 ҳазор тонна, сабзавот ба 1 млн. 142 ҳазор тонна, полезиҳо ба 482 ҳазор тонна, картошка ба 760 ҳазор тонна, мева ба 224 ҳазор тонна, гўшт ба 143 ҳазор тонна, шир ба 660 ҳазор тонна ва тухм ба 231 млн. 929 ҳазор дона расонида шуд.      Новобаста ба шароити номусоиди обу ҳаво истеҳсоли ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ барзиёд иҷро гардид, ки он аз натиҷаи заҳмати хуби кишоварзон ва нангу номуси ватандории ҳар фарди заҳматкаши Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.  

Январь 19, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд