ЗАФАРОБОД БОҒЗОР МЕГАРДАД
Суғд, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов). — Зафаробод ҳарчанд ноҳияи пахтакор ба ҳисоб равад ҳам, солҳои охир дар ин ҷо соҳаи дигари кишоварзӣ – боғу токпарварӣ низ рушд меёбад. Кишоварзони ноҳия дар соли 2009 — ум 273 гектар боғи меваю токзор сабз намуданд, соли 2010 миқдори майдони боғу ток ба 450 гектар расид. Тибқи барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014 кишоварзон ният доранд дар 450 гектар майдони дигар боғу токзор бунёд намоянд. Бо назардошти иқлими ноҳия ва бо истифода аз захираю имкониятҳо дар ноҳия ниҳоли зардолу, шафтолу, олую анор ва кӯчати ангури маҳаллӣ, ки дар ноҳияи Истаравшани ҳамшафат мерӯяду ҳосилаш ҳам зиёд аст, шинонданианд. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия барои шинонидани ниҳолҳо ва ташкили боғоти нав ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






