ЗАМИНАИ МУСОИД БАРОИ РУШДИ СОҲАҲОИ САНОАТӢ

Январь 18, 2011 17:03

    Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Боиси нигаронист, ки дар соли сипаришуда дар 231 корхонаи саноатӣ нисбат ба соли пешин суръати афзоиш таъмин нагардида, 74 корхона умуман фаъолият накардааст. Имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин асос тараққӣ додани соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ пурра истифода нашудаанд»- изҳори нигаронӣ намуд Президенти мамлакат зимни суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбасти соли гузашта.    Ҳамчунин зикр гардид, ки «соли гузашта корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин дар муқоиса бо соли 2009-ум 9,7 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи соҳаҳои саноат таъмин гашта, танҳо дар Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии Тоҷик” коҳиш ёфтааст».     «Имрӯз дар кишвар заминаи зарурӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои саноат фароҳам оварда шуда, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи онҳо барномаҳои зиёди соҳавӣ қабул шудаанд», афзуд ӯ.     Ҳамчунин, андешидани чораҳои зарурӣ доир ба татбиқи барномаҳои мазкур ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ имконият фароҳам овард, ки дар кишвар корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ ба кор андохта шаванд.    Дар натиҷа аз ҳисоби 94 корхонаи нави саноатӣ ва ба кор андохтани корхонаҳое, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, қариб 4 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуд.    Дар баробари ин, таъкид бояд сохт, ки ҳарчанд истеҳсоли молу маҳсулот дар аксари бахшҳои саноатӣ афзуда бошад ҳам, вале дар муқоиса бо талабот ба маҳсулоти ниҳоии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ қонеъкунанда нест, тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.    Ғайр аз ин, норасоии воситаҳои гардон ва дастрасии маҳдуди қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ба раванди амалӣ сохтани барномаҳои соҳавӣ монеаҳо ба вуҷуд меорад ва захираву имкониятҳои мавҷуда ба таври кофӣ истифода намешаванд, гуфт сарвари давлат.

Январь 18, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд