ЗАН ВА МАРД ТО КУҶО БАРОБАРАНД?
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Проблемаҳои баробарҳуқуқӣ дар Тоҷикистон: муколамаи занони ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва пешвоёни дин» дар моҳҳои март ва апрели соли 2011 дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Қурғонтеппа семинарҳои дурӯза баргузор мегардад. Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази маърифати гендерӣ ва кӯмаки молиявии сафорати Шоҳигарии Норвегия дар Остона, гузаронида мешавад. Тибқи иттилои София Қосимова роҳбари лоиҳаи маърифати гендерӣ дар ҷараёни семинарҳо масъалаҳои марбут ба баробарҳуқуқии зан ва мард дар ҷомеаи Тоҷикистон, иштирок дар арсаи сиёсат ва корҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо дар доираи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва қонуни ислом- шариат, муносибатҳои баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеаи мусулмонҳо ва зарурати таҷдиди он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон баррасӣ мегарданд. Интизор меравад, ки дар ин нишастҳо намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон ба мисли Кумита оид ба корҳои дин, оид ба корҳои занон, мақомоти марбутаи шаҳрҳо ва ходимони динӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






