ЗАРАРДИДАГОНИ ДОМОДЕДОВО АЗ ТОҶИКИСТОН 20 НАФАР ШУДАНД

Январь 28, 2011 09:35

   Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тибқи хабарҳои охирини Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ шумораи шаҳрвандони зарардидаи Тоҷикистон бар асари фоҷиаи дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рухдода ба 20 нафар расид.     Тибқи иттилои манбаъ нафари 20-ум сокини ноҳияи Вахш Рашидов Турсуналӣ Тохтаевич, соли таваллудаш 1978 гардид.Аз рӯи гуфти духтурони яке аз муассисаҳои тиббии шаҳри Маскав ҳолати ӯ мӯътадил арзёбӣ мегардад.   Ёдовар мешавем, ки бар асари ин фоҷиаи террористӣ ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардиданд.   Ҷасади ин шаҳрвандон дирӯз, 27 январ бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ватан оварда шуд.

Январь 28, 2011 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд