100 ҲАЗОР НАФАР БО КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Аз моҳи январи соли ҷорӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо мақсади тавассути кортҳои пластикӣ ҷорӣ намудани шакли нави хизматрасонӣ ба нафақгирон чорабиниҳои зарурӣ гузаронид. Дар назар аст, ки соли 2011 100 ҳазор нафар нафақагирони шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Табошар, Ёвон Норак, Ваҳдат ва Турсунзода бо кортҳои пластикӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин, соли ҷорӣ дар ду ноҳияи пилотӣ: — Ёвон ва Истаравшан пардохти хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла обу барқ тавассути кортҳои пластикӣ ба роҳ монда мешавад. Дар сурати муваффақ шудан шаҳру ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ низ тадриҷан ба ин шакли нави хизматрасонӣ мегузаранд. Бо вуҷуди ҳама чорабиниҳои осон гардонидани хизматрасонӣ нафақагирони солхӯрда аз он шикоят доранд, ки рақамҳои заруриро дар ёд нигоҳ дошта наметавонанд ва аз кӯмаки дигарон дар чидани ин рақамҳо истифода карданро барои худ зарур намешуморанд, зеро дар ин сурат махфияти рақамҳои кортҳо аз байн меравад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






