ҚАБУЛИ НИЗОМНОМА ОИД БА «КИТОБИ СУРХИ ҶТ»
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади иҷрои супориши Президенти ҶТ «Оид ба омода ва нашри Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои «Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005 – 2015» ва бо мақсади таъмини устувории намудҳои гуногун дар экосистемаҳои табиӣ Низомнома оид ба «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид, — иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Талбак Салимов. Дар ин маврид 2 маротиба конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Принсипҳо, мақсад ва вазифаҳои асосии омода ва нашр намудани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омӯхтани талаботи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат МСОП» дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки он дар қабули Низомнома оид ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» мусоидат намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






