ҚАДРДОНИИ ҲОМИЁНИ ТАРТИБОТ

Февраль 2, 2011 15:46

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, хизмати содиқона ва ба муносибати 86-умин солгарди таъсисёбии милисаи тоҷик  як қатор кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, полковник Мирзонаим Муртазоев, подполковникҳо Авазхон Азизов, Бахтиёр Ҳомидов, Қаҳҳор  Пайғамбарқулов  (ШКД-и шаҳри Табошар), майорҳо Ҳамидулло Усмонов (ШКД-и шаҳри Хуҷанд), Баҳодур Мадалиев, Икром Қоҳиров, капитан Анастасия Семёнова, прапоршик Фармонбек Худоёров (ШКД-и ноҳияи Б.Ғафуров) ва  сержант Ҷамолиддин Собиров.             Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Февраль 2, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад