ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК БА ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР

Февраль 15, 2011 15:56

    Суғд, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзоалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). — Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2010 баҳри иҷрои барномаи давлатии сиёсати шуғл корҳои зиёдро ба сомон расонид. Аз 2202 нафар муроҷиаткардагон, ки аксарият корҷӯён буданд, 641 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Бо мадади Кумитаи ҳамоҳангсози мусоидат бо шуғли аҳолӣ 1832 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.    Барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ба 45 нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки ин маблағро 19 нафар барои ташкили чорводорӣ, 10 нафар барои кишту парвариши ғалладонагиҳо, 10 нафар барои истеҳсоли сабзавоту зироати полезӣ, 2 нафар барои ташкили соҳаи занбӯрпарварӣ масраф намуданд.    Аз ҳисоби занону духтарон 261 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, 164 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб шуданд, ба 15 нафар занону духтарон барои ташкили соҳибкории инфиродӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. 

Февраль 15, 2011 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд