ҚОНУНЕ, КИ ТЕРРОРИЗМРО ҶИЛАВГИРӢ МЕНАМОЯД
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид. Масъалаи мазкурро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов тавзеҳ дода гуфтанд, ки қонун аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст. Қонун назорати гардиши маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардашуда ва пешгирии маблағгузории терроризм, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат бо фароҳам овардани механизми ҳуқуқии мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро ба танзим медарорад. Қонуни мазкур барои кушодани ҷиноятҳо, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






