ҚОНУНВАЙРОНКУНИИ МОШИНҲОИ СИЁҲШИША

Февраль 10, 2011 14:47

   Хоруғ, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Амалиёти муштараки Раёсати корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти раёсати нақлиётӣ, андоз ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ алайҳи мошинҳои сиёҳшиша ва қонунвайронкуниҳои дигари нақлиётӣ оғоз гардид. Тавре аз идораи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят хабар доданд, ин амал бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва боркаш дар маркази вилоят ва навоҳӣ ҷараён дорад.   Дар ҷараёни амалиёт 26 мошин бо сабабҳои мухталифи қонунвайронкунӣ вориди майдончаи ҷаримавӣ гардид. Аксарияти ин мошинҳо барои истифодаи шишаҳои сиёҳ иҷозатномаи махсус надоштанд. Ба гуфти ронандагон сабаби ин қонунвайронкунӣ гӯё нархи баланди иҷозатномаҳо аст. Аммо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бар он андешаанд, ки вақте ронанда 10 – 20 ҳазор долларро барои харидани мошинҳои хориҷӣ пайдо карда метавонад, наход дарёфти 500 доллари дигар барояш гарон бошад? 

Февраль 10, 2011 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад