ҲАДАФ-ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Февраль 11, 2011 10:31

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи фармони Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №21 аз 10.02.2011 «Оид ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои зербандҳои 2.17; 3.4; 3.8; 5.8 – уми Барномаи давлатии «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №208 тасдиқ гардидааст, аз санаи 10 то 26 феврали соли равон силсилабарномаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд.    Аз ҷумла, аз 10 то 22 феврал экскурсияҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои низомии вазорату идораҳои қудратӣ, 18 феврал соати 10:00 баргузории чорабинии тантанавӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно» бо иштироки афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии Вазорати Мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Горди миллӣ, курсантҳои Донишкадаи олии сарҳадӣ ва донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони ВАО, 19 феврал миёни ҷавонони шаҳри Роғун ва қисми низомии 051058 воқеъ дар ин шаҳр озмуни ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар» аз рӯи 7 намуд мусобиқаи варзишӣ, аз қабили машки сафдарӣ, доркашӣ, баскетбол, армрейслинг, бандкашӣ, эстафета, кросс ва саволу ҷавоб, 20 феврал дар Бошгоҳи ҷумҳуриявии варзишии тирпаронии Ташкилоти мададгори мудофиа миёни хизматчиёни ҳарбӣ мусобиқаи тирпаронӣ, инчунин 26 феврал ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии байнисоҳавии ҳамоҳангсоз оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО доир мегардад. 

Февраль 11, 2011 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад