ҲАМОИШИ АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Февраль 22, 2011 10:09

     Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Забони модарии халқҳои Тоҷикистон»,  таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола  21 феврал таҷлил мегардад, маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки он ба 100-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шуд.        Чорабинии мазкур  бо ибтикори  Иттиҳоди ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, Бунёди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — «Пайванд» ва Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО  гузаронида шуда, дар он намояндагони ҷамъиятҳои миллии дар  Тоҷикистон сукунат дошта, ба мисли гурҷиҳо, қазоқҳо, кореягиҳо, тотору бошқирдҳою афғонҳо ширкат доштанд.        Назар ба иттилои ҳамоҳангсози Иттиҳоди ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон  Виктор Ким  таҷлили Рӯзи забони модарӣ ба таври анъана аз соли 2005 инҷониб дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуда, он ба иди ҳақиқии дӯстиву бародарӣ ва  ҳамдилию ягонагии ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон табдил гардидааст.Дар маҳфил раиси ҷамъияти фарҳангию маърифатии гурҷиҳо «Сатвистомо Иберия» Шалва Коберидзе, раиси ҷамъияти миллии қазоқҳо «Байтерек» Зауре Саминова ва раиси маркази фарҳангии бошқирду тоторҳо «Дустлик» Римма Хамзина доир ба нақши забони модарӣ ва аҳамияти  ҷаҳонӣ доштани ашъори безаволи шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода дар тақвияти дӯстию рафоқати халқҳо, ҳамдилию бародарӣ табодули назар карданд. Зикр шуд, ки забон донистан ҷаҳон донистан аст ва забони модарӣ ифтихори ҳар халқу миллат мебошад, аз ин рӯ онро чун гавҳараки чашм ҳифз бояд намуд.   Дар маҳфили фарҳангӣ намояндагони ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон, ки либосҳои  миллӣ ба бар доштанд, бо забони модариашон  шеъру суруд қироат карда, ба маҳфил шукӯҳи тоза зам намуданд.          Мавриди зикр аст, ки  Рӯзи забони модарӣ аз моҳи ноябри соли 1999 инҷониб  бо қарори конфронси ЮНЕСКО бо мақсади мусоидат ба арзишҳо ва ҳифзи забони модарӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ки яке аз хусусиятҳои он ҳифз ва эҳёи забонҳое мебошад, ки дар марҳилаи нобудшавӣ қарор доранд. Ҳоло дар ҷаҳон ба беш аз 6 ҳазор забон хатари аз байнравӣ таҳдид менамояд.

Февраль 22, 2011 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд