ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНИИ РАИСОНИ ВИЛОЯТҲОИ БА Э.РАҲМОН
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз, 12 феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон – Қоҳир Расулзода ва Ғайбулло Авзал ва раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев телефонӣ ҳисобот доданд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба рафти киштукори баҳорӣ, барқарорсозии боғу токзори кўҳна ва бунёди боғҳои нав, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва вусъати корҳои ободонӣ зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба тезондан ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо дар самтҳои номбурда дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ аз ҳар рўзи ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда шавад. Дастур дода шуд, ки барои васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз ҳозир тадбирҳои судбахш андешида шаванд, то ки бо истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаб замини корами обӣ ду ва зиёда ҳосил рўёнда шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бояд фарҳанги волои истифодаи босамари замин ба одати доимии деҳқонону заминдорон табдил ёбад. Cупоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба таъмини доимии мардум бо маводи озуқаворӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






