«ҲОМИИ ВАТАН» ДАР СУҒД
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ба муносибати фарорасии 18-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншооти варзишии вилоят мусобиқаи ҳарбӣ — варзишии «Ҳомии Ватан» байни қисмҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баргузор мегардад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусобиқаҳои мазкур санаи 1 феврали соли равон оғоз гардида то 21-уми феврал идома меёбанд. Комиссариати ҳарбии вилоят, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ доир намудани мусобиқа вазифадор гаштаанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






