ҶАЛАСА ДАР ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР Р.ҚУРБОНОВА
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамоҳангсози Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро дар бар мегирад, доир гардид. Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Cозишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон раиси он Муродалӣ Солеҳов ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он Азизбек Шарипов роҷеъ ба ҷараёни татбиқи Созишнома гузориш доданд. Дар гузоришҳо зикр гардид, ки дар доираи Созишномаи мазкур лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба густариши минбаъдаи усули шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки мутобиқи муқаррароти Созишномаи генералии мазкур бо Фармонҳои марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаҳои музди меҳнат ва нафақаҳо якчанд маротиба таҷдиди назар шуда, ба маротиб, аз ҷумла андозаи миёнаи нафақа 47 фоиз ва ҳаҷми миёнаи музди меҳнат 26 фоиз афзоиш ёфтанд. Созишномаи генералӣ сатҳи олии ҳамкории байни давлат, корфармоён ва кормандон дар шахси намояндаи онҳо иттифоқҳои касаба буда, тарзи шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ё ин ки трипартизмро ифода мекунад ва яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ дар шароити бозори озод мебошад. Ин гуна тарзи ҳамкорӣ ба ҳалли бисёр проблемаҳои иҷтимоӣ, аз қабили пардохти саривақтии музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандони кироя мусоидат мекунад. Дар робита ба ин зикр гардид, ки танҳо дар соли 2010 зиёда аз 370 ҳазор нафар наврасону кўдакон ҳангоми таътили тобистона ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо беш аз 4 миллион сомонӣ ҷудо ва харҷ гардидааст. Дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои меҳнатию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тадбирҳои минбаъдаи татбиқи пурра ва саривақтии ўҳдадориҳои дар Созишномаи мазкур зикргардида ибрози назар карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мо аз Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






