ҶАРИМА БАРОИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНИ ЗАМИН

Февраль 16, 2011 13:49

   Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бино ба иттилои раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мунаваршо Ташрипов ҳарчанд самаранок истифода бурдани замин дар ноҳия нисбат ба соли сипаригардида беҳтар гардидааст, аммо аз тарафи бархе шаҳрвандон вайронкунии қонун нисбат ба замин ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад.    Ба гуфти Ташрипов дар 12 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия аз тарафи Кумита 89 ҳодисаи вайронкунии қонуни замин ошкор шуда, 68 нафар ба маблағи 22 370 сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин дар ин давра 4 мавод ба прокуратура ва 27 мавод ба суди ноҳия ирсол гардид.    Кормандони Кумита дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 27 нафар вайронкунандагони қонун дар мавриди барқарор намудани 75,9 гектар замин ба прокуратура мавод пешниҳод намуданд, афзуд Мунаваршо Ташрипов.

Февраль 16, 2011 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад