126,7 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ ИНШООТИ СОХТМОНӢ
Хоруғ, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Тибқи иттилои аз дастгоҳи раиси ВМКБ расида соли 2010 сохторҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 77,1 млн. сомонӣ қарз додаанд, ки ин нисбат ба соли 2009 – ум 22 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз хориҷи кишвар 33,4 млн. доллар ворид гардид, ки нисбат ба соли 2009 – ум 6 млн. доллар бештар аст. Дар миқёси вилоят аз ҳисоби ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди соҳибкорӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят соли 2010 – ум 16 263 тонна ғалла, 48 755 тонна картошка, 18 346 тонна сабзавот, 15 304 тонна мева истеҳсол гардид. Истеҳсоли гӯшт ба 7 986 тонна, шир ба 17 628 тонна, тухм ба 5,3 млн. дона, пашм ба 207,2 тонна, асал ба 112,2 тонна расид. Дар давоми сол 7 сехи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи хиштбарорӣ ва сехи дӯзандагии ноҳияи Ванҷ, сехҳои коркарди меваи хушк ва пахтатозакунии ноҳияи Рӯшон, сехи дуредгарии ноҳияи Шуғнон, сехҳои коркарди сангҳои ороишӣ ва қаннодӣ дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷавӣ сохтмони 4 адад НБО — и хурд дар деҳаҳои Ширги ноҳияи Дарвоз, Ҷадуди ноҳияи Рӯшон, Тусёни ноҳияи Роштқалъа ва Шитхарви ноҳияи Ишкошим идома дорад. Дар ноҳияи Мурғоб хишти аввали сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Оқсу – 2» бо тавоноии 2 мегават гузошта шуд. Дар соли 2010 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои соҳаи сохтмон ва барқароркунии иншооти вилоят 126,7 млн. сомонӣ истифода шуд. Дар ин давра дар қаламрави вилоят аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ва ҷалби маблағгузориҳои ғайрибуҷавӣ 13 мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. То таҷлили ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 8 мактаб мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






