15 НАФАР КОРОМӮЗ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Февраль 11, 2011 11:48

  Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    Дар ярмарка роҳбарони 18 корхонаю муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуда, ба корҷӯён 128 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд.   Мувофиқи талаботи бозори меҳнат 15 нафар шаҳрвандони корҷўй, ки хоҳиши касбомўзӣ доштанд, бо ихтисоси фермер-боғбон ба Маркази таълими калонсолони шаҳри Конибодом сафарбар гардиданд. Ба 10 нафар хатмкунандагони курси пазанда, ки тариқи тренинг-семинар аз озмун гузаштанд, сертификат супорида шуд.   Дар ярмаркаи мазкур ба 17 нафар корҷўён барои кор роҳхат дода шуд. Дар рафти ярмарка зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд.

Февраль 11, 2011 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад