АФЗОИШИ БУРСИЯҲО БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе ҷаласаи чоруми комиссияи доимӣ миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф, хусусан омоданамоӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев баъди ҷаласа ҳайати намояндагони Вазорати маорифи миллии Туркия бо устодону шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуда, бо дастовардҳои олимону донишҷӯёни ин муассисаҳои олии таълимӣ ошно гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






