АКАДЕМИК НӮЪМОН НЕЪМАТОВ ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бостоншиноси маъруф, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Неъматов дар синни 84-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Бо номи ин олими бостоншинос ҳафриёти зиёди таърихии Тоҷикистон, бахусус шимоли кишвар алоқаманд аст. Нӯъмон Неъматов 5 марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ӯ тақдири худро бо илми таърих ва бостоншиносӣ пайваст. Ҳанӯз соли 1969 рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои мухталиф адои хидмат намудааст. Роҳбарии гурӯҳи археологӣ ва экспедитсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Соли 1978 ба сифати узви вобаста ва соли 1994 ба ҳайси академики Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Хизматҳои тӯлонии академик Нӯъмон Неъматов бо медалҳо, Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, унвони Ходими Шоистаи илм қадрдонӣ шудаанд. Шаҳрванди Фахрии шаҳри Хуҷанд буд. Аз маркази иттилоот ва таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими видоъ ва ҳамоиши мотам имрӯз дар саҳни Қалъаи таърихии Хуҷанд барпо гардид. Нӯъмон Неъматов дар оромгоҳи «Гумбази Қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад






