АМАЛИШАВИИ ӮҲДАДОРИҲОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва намояндагии Ассотсиатсияи олмонии «Каритас» дар ҶТ, бо назардошти рушди минбаъдаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки ба аҳолии Тоҷикистон хизматрасонии иҷтимоиро пешниҳод менамоянд, чанде пештар Ёддошти тафоҳум (Меморандум) оид ба ҳамкорӣ дар самти пешниҳод намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолиро ба имзо расониданд. Бо мақсади амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳое, ки дар Ёддошти тафоҳум оварда шудаанд, дар бинои асосии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаю танҳо, шахсони имконияташон маҳдуд, ба кӯдакон ва ҷавонони эҳтиёҷманд ҳамарӯза хизматрасонии иҷтимоӣ расонида мешавад. Ба эҳтиёҷмандон ҳамчунин мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва равоншиносӣ хизмат мерасонанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






