АТТЕСТАТСИЯИ ИМОМХАТИБОНИ ДУШАНБЕ
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Рӯзҳои наздик имомхатибони 17 масҷиди ҷамоавии шаҳри Душанбе аз аттестатсия мегузаранд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 347 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷамоавӣ, 31 маркази ҷамоавӣ ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият доранд. Бино ба маълумоти масъулини Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пойтахт 17 масҷиди ҷамоавӣ фаъолият доранд. Боис ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2010 бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумита оид ба корҳои дин 246 имомхатиби масҷидҳои ҷамоавиро аз аттестатсия гузаронид, ки 26 нафари онҳо аз санҷиш нагузаштанд. Бо вуҷуди ин фаъолияти ин масоҷид қатъ нагардид. Пешниҳоди номзад ба имомхатибӣ дар масҷидҳои ҷомеъ танҳо бо розигии Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






