АВТОМАШИНА БА ДАРЁ АФТИД

Февраль 8, 2011 14:18

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). —  6 феврали соли ҷорӣ тахминан соатҳои 20. 30 дақиқа дар километри  121-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд   дар мавзеи Сафедораки ноҳияи  Айнӣ автомашинаи тамғаи «Муссо»  рақами давлатиаш ВТ 17-66 01 РТ ба дарё афтид.  Бар асари   ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 1 нафар ҳалок ва 2 нафар бедарак гардид.        Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  7 феврал дастаи зудамали ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ҷасади яке аз бедаракшудагон- ронандаи автомашинаро аз даруни дарё дарёфт намуд.  Кофтукови нафари  дигар идома дорад.

Февраль 8, 2011 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад