БАҚОӢ 10 ФЕВРАЛ ОЗИМИ ДУШАНБЕ МЕГАРДАД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ҳамиди Бақоӣ, ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ҳамзамон Раисии Созмони мероси фарҳангии ин кишварро ба ӯҳда дорад, 10 феврал ба Душанбе ташриф меорад. Ҳусайн Ширхонӣ- масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи сафари Ҳамиди Бақоӣ ба Тоҷикистон расонидани паёми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар дуввумин ҷашни байналмилалии қадимаи мардумони ориёнажод- Наврӯз аст. Ҳусайн Ширхонӣ афзуд, ки ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостон 26-27 марти соли равон дар шаҳрҳои бузурги Эрон- Теҳрон ва Шероз бо ҳузури намояндагону сарони қариб 20 кишвари ҷаҳон, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






