БА ҚОНУНИ МИЛИТСИЯ ТАҒЙИРОТ ВОРИД МЕШАВАД

Февраль 14, 2011 15:20

   Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 14 феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.  Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ дод, ки дар ҷаласа, инчунин, лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани тайғирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» муҳокима гардиданд.  Ҳамзамон дар ҷаласа Созишнома оид ба омода намудани мутахассисон барои сохторҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ ва Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм муҳокима гардид.   Зикр шуд, ки мақсад аз пешниҳоди масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз байн бурдани мухолифатҳои дар қонунҳо ҷойдошта, фош ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои бо роҳи ҷинояткорӣ азхуд намудани маблағҳо, пос доштани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд ва таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм мебошад.

Февраль 14, 2011 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад