БАҲОГУЗОРӢ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ БИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 2, 2011 14:07

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Чанд рӯз  қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мудири Бонки Исломии Рушд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо аъзои ҳайати баҳогузории БИР, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд. Мақсад аз ташрифи ҳайати бонк ин баҳогузории саривақтӣ ва дақиқи лоиҳаҳои татбиқгардида ва кӯмаки техникии пешниҳодшуда аз ҷониби Бонки Исломии Рушд мебошад, ки дар навбати худ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми кӯмаки техникӣ ва грантҳо мусоидат хоҳад намуд. Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи мазкури баҳогузории пурраи ҳамаи кӯмакҳои техникии пешниҳодгардида ва грантҳо соли ҷорӣ ба роҳ монда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин давлатест, ки дар доираи ҳамкорӣ таҷрибаи мазкурро шурӯъ менамояд.

Февраль 2, 2011 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!