БА БЕКОРОН- РОҲХАТИ КОР
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои он дар ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон санаи 11-уми феврали соли 2011-ум ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ин ярмарка 36 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок ва ба корҷӯён 1920 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа ба 55 нафар корҷўён барои кор ва ба 19 нафар барои омўзиши касбҳо роҳхат дода шуд. Дар ярмарка 570 нафар шаҳрвандони корҷўй ва бекор иштирок намуданд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






