БАЛАНД БАРДОШТАНИ АРЗИШИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади ворид намудани механизми самарабахш дар соҳаи захираҳои иттилоотии электронӣ ва ҷиҳати омӯзиши тачрибаи давлатҳои мутараққӣ семинари машваратию таълимӣ оид ба тарзи гузариш ба коргузории электронӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур сардорони раёсату шӯъбаҳо ва мутахассисони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва коршиносон аз Ҷумҳурии Эстония ширкат варзиданд. Баланд бардоштани арзиши захираҳои иттилооти давлатӣ ва ворид намудани он ба иттилооти ҷаҳонӣ, дар бораи ворид намудани системаи ягонаи иттилоот барои табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳамчун яке аз қисмҳои рушд ва ташаккули ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва ғайра аз мавзӯъҳое буданд, ки миёни ширкаткунандагони семинар-машварат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






