БАРҚАРОРИИ ПАРВОЗҲО ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ДЕҲЛӢ

Февраль 15, 2011 17:26

    Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Деҳлӣ аз нав барқарор гардид. Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ҳафтае як маротиба рўзҳои сешанбе бо ҳавопаймои Боинг -737 анҷом медиҳад. Бино ба иттилои директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» Куимов Владимир Сергеевич парвозҳо дар хатсайри мазкур соли 2006 қатъ гардиданд.     Барқарор кардани ин хатсайр барои ҷонибҳо манфиатовар буда, дар рушди муносибатҳои минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар саҳм мегузорад.   Дар кушодашавии хатсайри Душанбе-Деҳлӣ муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Х. Худоёров, сардори Сарраёсати авиатсияи гражданӣ Азиз Набиев ва сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҶТ ҷаноби Аситх Кумар Бхаттачарҷи иштирок намуданд.     Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби матбуотии фурудгоҳи Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев иттилоъ дод.  

Февраль 15, 2011 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад