БАРҚИЯИ Э.РАҲМОН БА К.ВУЛФ

Февраль 2, 2011 10:00

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷаноби Кристиан Вулф барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст: Аълоҳазрат, Аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худам мехоҳам бо қаноатмандии том Шумо ва тамоми мардуми бародари олмониро бо ин ҷашни миллӣ- Рӯзи ягонагии Олмон табрик гӯям. Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои байни ду давлатро баланд арзёбӣ намуда, барои амалӣ намудани  иқтидори бойи ҳамкориҳои манфиатбахши Тоҷикистону Олмон тамоми нерӯи худро равона менамояд. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои бо кӯшиши муштарак байни Тоҷикистону Олмон ба вуҷуд омада минбаъд низ ба манфиати ҳарду ҷониб равона мегарданд. Бо истифода аз ин имконияти муносиб мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президент сиҳатмандии комил ва комёбиҳо, ба халқи дӯсти олмонӣ — сулҳ ва шукуфоиро таманно намоям. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Февраль 2, 2011 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд