БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ Э.РАҲМОН БА МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД

Февраль 12, 2011 11:28

   Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад.    Ҷаноби Олӣ,   Шумо ва тамоми мардуми бародари Эронро бо фарорасии ҷашни миллӣ – сиюдуюмин солгарди Инқилоби Исломӣ самимона табрику таҳният мегўям.    Боиси қаноатмандӣ ва хушнудии мост, ки тўли солҳои ахир, бар асари саъю кўшишҳои ҳар ду ҷониб, муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд сатҳи сифатан навро касб намуданд. Дар ин ҷода густариш ва таҳкими равобити дуҷониба ва чандҷониба дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахши иқтисодӣ, нақши бузург дорад ва хоҳад дошт.   Дар ин рўзи фархунда ба ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои ҷадид, ба мардуми дўсти Эрон – саодат, амонӣ ва хонаободӣ таманно дорам.

Февраль 12, 2011 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад