БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ ИДМ ДАР МАСКАВ

Февраль 1, 2011 14:12

Душанбе,  1 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Форуми иқтисодию байналмилалии кишварҳои узви ИДМ «20 сол дар якҷоягӣ: таҷрибаи ҳамкорӣ ва дурнамо» 18 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии маркази коргузории рушди иқтисодии ИДМ Александр Калугин хабар дод. Дар чорабиние, ки Кумитаи иҷроияи ИДМ ва маркази коргузории рушди иқтисодии ИДМ ташкил намудаанд, намояндагони мақомоти иҷроия ва мақомоти қонунгузорӣ, соҳибкорони хусусӣ, ташкилотҳои бузургтарини сармоягузорӣ ва молиявӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва коршиносӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои давлатҳои Иттиҳод иштирок менамоянд.    Тибқи иттилои директори генералии маркази коргузорӣ ва рушди иқтисодии ИДМ Владимир Савченко дар чаҳорчӯби форум муҳокимаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020, масоили муҳими Шартнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ва барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии ИДМ то соли 2020, натиҷаҳои фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва дурнамои ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар назар аст.    Миёни дигар мавзӯъҳои рӯзномаи кории Форум- пешниҳоди роҳбарии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар раёсати ИДМ дар соли 2011 дар фазои якҷояи иқтисодӣ, масъалаҳои мусоидат ба барқарорсозии робитаҳои манфиатноки корӣ  миёни намояндагони иттиҳодияҳои тиҷоратии давлатҳои узви Иттиҳод, дастгирӣ ва инкишофи лоиҳаҳои бештар аҳамиятдошта ва ҷалби сармоягузорону фармоишгарон ҷой дорад.     

Февраль 1, 2011 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад