БАРОМАД АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ НАЗДИК МЕШАВАД

Февраль 17, 2011 10:55

   Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Чин оид ба таҷдиди даври дуюми марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма» дар қитъаи «Душанбе –Данғара»-ро ба тасвиб расонид.   Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар дар мавриди моҳияти лоиҳаи мазкур дар назди вакилон гуфт, ки лоиҳаи инвеститсионии таҷдиди марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма» дар қитъаи «Душанбе –Данғара» санади муҳим ба шумор рафта, дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар нақши муассир дорад.  Вазири молия афзуд, ки лоиҳаи мазкур азнавсозии роҳи Душанбе –Данғараро бо сохтмони нақби Чормағзак дар бар гирифта, дар мӯҳлати се сол ба истифода дода мешавад. Мувофиқи ҳисобот барои татбиқи марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳа беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ ҷалб мешавад, ки аз ин 192, 2 миллион доллар қарзи имтиёзнок буда, мӯҳлати он 20 сол, давраи имтиёзнокиаш 5 сол буда, меъёри фоизи хизматрасонии солонааш 2%-ро ташкил медиҳад. Саҳми хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин лоиҳа 10,1 миллион доллар пешбинӣ гардидааcт.    Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои Душанбе –Данғара бо назардошти роҳҳои дохилии шаҳр ба андозаи 108 км, 7 адад купрӯк бо тӯли 346 метр, 73 адад қубурҳои зери об бо дарозии 1,2 км, инчунин, нақби Чормағзак бо тӯли 4,4 км ба нақша гирифта шудааст. Таҷдиди ин қитъаи роҳ имконият медиҳад, ки масофаи роҳи автомобилгарди Душанбе –Кулма-Хорӯғ –Мурғоб-Кулма нисбат ба роҳи Душанбе- Қӯрғонтеппа-Данғара 76 км кӯтоҳ ва аз ҳисоби ба истифода додани нақбҳои Шаршар ва Чормағзак 17 км наздик мегардад. Бо татбиқи ин лоиҳаи инвеститсионӣ дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфта корхонаҳои нав, аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо, иншоти соҳаи туризм сохта мешаванд, афзуд Сафаралӣ Наҷмиддинов.  Инчунин, арзиши аслии боркашонӣ ва хароҷоти нақлиёт паст мегардад ва содироти хизматрасонии нақлиёт рӯ ба инкишоф ниҳода, воридоти андоз ба буҷаи кишвар аз ҳисоби даромади иловагии иншоот низ зиёд мегардад.  Таҷдиди роҳи мазкур ҳамчунин, боиси рушди деҳот ва шаҳрҳои санотӣ гардида, ба беҳдошти сатҳи рӯзгори аҳолии кишвар мусоидат мекунад.  Ҳамзамон, вазири молияи ҷумҳурӣ гуфт, ки ҷиҳати иҷроиши корҳои сохтмонӣ имрӯз 305 механизм ва таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар шуда, 740 мутахассисон ва кормандон, аз он ҷумла 317 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кор таъмин гардидаанд.

Февраль 17, 2011 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад