БАРРАСИИ ҚОНУН ДАР БОРАИ МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ

Февраль 7, 2011 14:57

    Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ», ки  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумони кишвар пешниҳод гардидааст,  7 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд,  баррасӣ гардид.      Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдиди давраи  дуюми марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе — Кулма» дар қитъаи «Душанбе — Данғара», Созишнома дар бораи қарзи имтиёзнок байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли қувваи барқи  220 кВ «Хуҷанд — Айнӣ», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи амиқ қарор гирифт.    Зимни тавзеҳи масъалаҳо раисони кумитаҳои палатаи поёнии парлумон зикр карданд, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи  қонунҳо ҳифзи ҳолати мусоиди экологӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгарди байнишаҳриву байниноҳиявии ҷумҳурӣ, раҳоӣ аз  бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут мебошанд, ба шумор меравад.

Февраль 7, 2011 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад