БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР ФАЙЗОБОД

Февраль 1, 2011 09:38

Файзобод, 1  феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре муовини  раиси  ноҳияи  Файзобод Сайбӣ  Раҷабова ба   хабарнигори  АМИТ «Ховар»   иттилоъ  дод,  дар ин рӯзҳо дар   тамоми  ҷамоатҳои   шаҳрак  ва  деҳоти ноҳия  оид ба  танзими  ҷашну  маъракаҳо, таълиму  тарбия, ҷалби  духтарон  ба  мактабҳои  олӣ, оила ва оиладорӣ, ҷинояткорӣ  дар  байни  ноболиғон  ва  занон, ҷалби  ҷавонон  ба  корҳои  созандагӣ, таъсиси   созмонҳои  ҷавонон  дар  маҳаллаҳо,  вусъат бахшидани  корҳои  ободонию  тозагӣ,  муҳокимаи  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи масъулияти  падару модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд»  вохӯрию ҷамъомадҳо доир мегарданд.   Ӯ  қайд  намуд, ки  дар  вохӯриҳо  мудири  бахши кор  бо  занони ноҳия Гул  Халифаева,  мудири  бахши кор  бо ҷавонон Аҳмадшоҳ  Таваккалов, мудири  бахши  САҲШ  Фариштамоҳ  Раҳматуллоева,  рӯзноманигорон, имомхатибҳо ва кормандони ШКД-и ноҳия ширкат намуда, оид ба амалишавии  қонунҳо  фикру  андешаҳо ва пешниҳоду дархостҳои худро иброз намуданд.

Февраль 1, 2011 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад