БЕҲТАРГАРДИИ ТАЪМИНОТИ МАРДУМ БО БАРҚ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Эътибор Юсуфӣ). — Дар соли 2010 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 14 миллиарду 614 миллион кВт/ соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 417 миллион кВт/ соат зиёд мебошад. Аз ин миқдор 10 миллиарду 553 миллион кВт/ соат нерӯи барқ дар НБО-и Норак истеҳсол шудааст,- хабар доданд аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик». Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани реҷаи коркарди обанбори Норак сатҳи оби обанбор то 19 октябри соли 2010 дар нишондоди 910,50 метр нигоҳ дошта шуд. Ин имконият дод, ки таъминоти аҳолии ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ дар моҳи ноябр то 10 соат ва дар моҳи декабр то 12 соат расонида шуда, аҳолии шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Роғун, Хуҷанд, Қайроққум ва Чкалов бо нерӯи барқ бемаҳдудият таъмин гарданд. Дар давраи амалишавии меъёри нерӯи барқ агар дар соли гузашта истифодабарии барқ дар ҷумҳурӣ 42,7 миллион кВт/соатро дар як шабонарӯз ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 48 — 50 миллион кВт/соат баробар шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






