БЕҲТАРСОЗИИ ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲҲО
Хоруғ, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Дар бораи тасдиқи барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015» рӯи кор омад. Тавре аз раёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ба хотири кофтани ҷӯйборҳо ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии чарогоҳҳои зимистонаи мавзеъҳои Доргинзарви водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа ва Қаратумшуқи водии Тохтамиши ноҳияи Мурғоб, инчунин чарогоҳҳои дигар Вазорати кишоварзӣ 30 ҳазор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо Бунёди Оғохон беш аз 10 ҳазор доллар ҷудо намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






