БОҒҲО МЕАФЗОЯНД
Турсунзода, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Миқдори дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ дар шаҳру ноҳияи Турсунзода сол то сол меафзояд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияи Турсунзода то 1 январи соли 2011 1 ҳазору 473 гектар боғ бунёд гардид, ки аз ин ҳисоб дар 927 гектари он ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд. Инчунин, дар ду ҳазору 363 гектар токзор бунёд гардид. Тавре сармутахассиси шӯъбаи мева, сабзавот, картошкапарварӣ ва хӯроки чорвои Вазорати кишоварзӣ Собирҷон Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Турсунзода боз дар масоҳати 171 гектар боғу токзори нав бунёд мешавад. Алҳол баҳри иҷрои ин нақша шинонидани ниҳолҳо муташаккилона идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






