БОҒИ БЕҲАМТО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ, ки дар остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба истифода дода мешавад, дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Масоҳати боғи мазкур, ки дар қисмати шимолу ғарби Душанбе дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бунёд мегардад, 15 гектарро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин иншооти бузурги ҷашнӣ беш аз 400 нафар сохтмончиён дар ду баст кор мекунанд. Пудратчии Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон» ва фармоишгари он Раёсати сохтмони асосии /РСА/ шаҳри Душанбе мебошад. Тибқи иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Отахон Ҳасанов иншооти мазкур аз 49 зериншоот, аз ҷумла толорҳои билярду шоҳмот, шаҳрчаи афсонавӣ, аквапарки кӯдакона, ҳавзи калони дорои фаввораҳо, амфитеатр барои 1260 ҷойи нишаст, бинои маъмурию маишӣ, чорбоғ, чойхонаи Буниҳисорак, ҳаммом, майдончаи бозиҳои чархӣ, қаҳвахонаи «Дар ҷазира», кӯли манзаравӣ, ҷӯйбори сунъӣ, қаср дар об бо қубурҳои гидравликӣ, қасри афсонавӣ бо 6 фаввора, ки дар як тоаш мусиқӣ насб шудааст, иборат мебошад. Сармуҳандиси РСА шаҳри Душанбе афзуд, ки дар боғ беш аз 30 таҷҳизоти гуногун насб мегарданд. Яке аз онҳо чархофалак аст, ки баландиаш 55 метр буда аз Италия оварда мешавад. Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ бо тамоми таҷҳизот ба маблағи умумии беш аз 124 миллион сомонӣ бунёд мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






