БУНЁДИ 200 ИНШООТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар қаламрави вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ гирифта, сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони ҳавзи шиноварӣ, бинои таълимии Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Кохи матбаа, хиёбони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи таълимӣ ва истироҳатии кӯдакон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи ҷӯроббарорӣ дар ноҳияи Зафаробод ва фабрикаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ босуръат ҷараён доранд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати густариши корҳои омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ қарорҳои раиси вилояти Суғд «Дар бораи тадбирҳои иловагии омодагӣ ба таҷлили 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озмуни вилоятии шаҳри (ноҳияи) беҳтарин», «Дар бораи озмуни вилоятии мутахассиси беҳтарин» ба имзо расидаанд. Иншооти мазкур дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






