БУНЁДИ 23 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи озмуни шаҳру навоҳии беҳтарин 23 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 6 – тои он аллакай мавриди истифода қарор гирифт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнии ноҳия мактаб барои 240 хонанда дар ҷамоати Қистакӯз, чойхонаи миллӣ, шӯъбаи бемориҳои дил ва амрози занона, заводи хиштбарорӣ дар ҷамоати Ғозиён, сехи истеҳсоли макарон дар шаҳраки Ғафуров ба шумор мераванд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода 25 феврал зимни машварати корӣ дар мавриди бунёди иншооти нав, таваҷҷӯҳи масъулинро доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, хоса барои занону духтарон, вусъати корҳои кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ, ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳо, шудгори пурраи заминҳо, омодагӣ ба кишти пахта ва кишти такрорӣ, ҷоннок намудани корҳои идеологию фаҳмондадиҳӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ҷабл намуда таъкид намуд, ки дастгириву кӯмак ва аёдати оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбон набояд аз мадди назар дур монад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






