ЧИНИҲО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). — Чанд рӯз қабл ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи омӯзгории Синзяни вилояти худмухтори Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Миёни Донишгоҳи омӯзгории Синзяни вилояти худмухтори Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин ва ДМТ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо барои табодули таҷрибаи устодон ва муҳаққиқону донишҷуён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҷонибҳо сари мавзӯи таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар риштаи бакалавр, магистратура, ва инчунин барои омӯзиши забони чинӣ гуфтугӯ намуда ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд донишҷӯёни тоҷик барои омӯзиши забони чинӣ ба Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва донишҷӯёни ин Донишгоҳ барои омӯзиши забони тоҷикӣ ба ДМТ фиристода мешаванд. Меҳмонон ва устодони ДМТ масъалаи омӯзиши забони чинӣ ва тоҷикиро баррасӣ намуданд. Зеро талабот ба омӯзиши забонҳои мазкур аз ҳарду ҷониб бо назардошти афзоиши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат зиёд ба чашм мерасанд. Ҳадафи ташрифи ҳайати меҳмонон ба ДМТ тақвияти ҳамкориҳои бештар дар самти омӯзишу табодули таҷрибаи ҳамдигар арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






