ЧОРАҲОИ ҚОНУНИИ ШАҲРДОРӢ НИСБАТ БА МОНОПОЛИСТҲО
Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 7 феврал баргузор шуд, таваҷҷӯҳи директорони бозорҳо ва соҳибкоронеро, ки ба истеҳсолу воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи бозори истеъмолӣ машғуланд, ба нархи маҳсулоти истеъмолӣ нигаронид. М. Убайдуллоев афзуд, ки қобилияти хуби харидории истеъмолкунандагони пойтахт ба ҳеҷ ваҷҳ набояд боиси ба таври сунъӣ болоравии нарх дар бозорҳои шаҳр гардад. Мавсуф бо нигаронию қатъиян супориш дод, ки тадбирҳои аз ҳисоби захираҳои худи бозорҳо бо нархҳои алтернативӣ пешниҳод намудани маҳсулот баҳри дастгирии истеъмолкунандагон роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, тамоми чораҳо андешида шавад, ки фаъолияти монополистии ба таври стихиявӣ болобарии нарх дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ ё соҳибкорон мутобиқ ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешгирӣ ва нисбат ба хилофкорон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Инчунин, Раиси шаҳр таъкид кард, ки баҳри дастгирии сокинон шаҳрдорӣ барои харидории маҳсулоти ниёзи аввалия аз молистеҳсолкунандагон ва пешниҳоди он бо нархҳои арзону дастрас аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағҳои қарзиро ихтисос медиҳад. Дар ҷаласа нисбат ба фаъолияти директори КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳрӣ Душанбе» А. Ризоев ва роҳбарони бозорҳои зертобеи он эрод гирифта шуда, онҳоро муваззаф сохт, ки бо ташкили ярмаркаҳои доимӣ дар ҳудуди бозорҳо ҳамарӯза ҳисобот оид ба воқеияти нарх, мониторинги воридоти маҳсулот барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар шаҳр дар ҷаласаҳои назди муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н.Хайруллоев шунида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






