ДАР ФАРХОР СИЛРО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЯНД

Февраль 17, 2011 10:46

    Фархор, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии бемории сироятии сил аз тарафи мутахассисони соҳаи тибби ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳазратқул Кавгов- директори маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки айни ҳол 113 нафар гирифторони ин беморӣ дар беморхона муолиҷа мегиранд. Ба гуфтаи манбаъ барои беморон шароити лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо доруҳои зиддисилӣ таъмин мебошанд.     Барои таъмини шароити хуб баҳри беморон аз буҷаи маҳаллӣ 50 адад матрас, 50 дона болишт, 50 рӯйпӯш, 6000 сомонӣ барои барқарор кардани бино ва хариди таҷҳизоти ренгенӣ, инчунин 900 сомонӣ барои ба ҳолати аввала баргардонидани гармхона маблағ ҷудо гардидааст. Ҳазратқул Кавгов афзуд, ки барои бартараф сохтани ин бемории сироятӣ дар ноҳия гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷамоатҳои деҳот барои ташвиқу тарғиб сафарбар гардида, бо мактаббачагон ва шаҳрвандон вохӯрӣ мегузаронад.  

Февраль 17, 2011 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад