ДАР ИСЛОМОБОД 8 САНАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ИМЗО МЕРАСАД
Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш меёбанд. Далели ин сафари расмии қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аст, ки моҳи марти соли равон ҷараён мегирад», гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар. Мавсуф афзуд, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон қариб 8 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд. Дипломати покистонӣ доир ба муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар ибрози назар карда афзуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар сатҳи баланд қарор доранд ва ин аз иродаи сиёсии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон -Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ шаҳодат медиҳад. Инчунин, Холид Усмон Қайсар роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон табодули назар карда, гуфт, ки мубодилаи мол байни Тоҷикистону Покистон дар соли 2010 21 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2009 се маротиба ва нисбат ба соли 2007 –ум 10 маротиба афзоиш ёфтааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






