ДАР ВОСЕЪ ТО ИСТИҚЛОЛИЯТ З5 ИНШООТ МЕСОЗАНД
Восеъ, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ба истиқболи ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ корҳои сохтмонӣ дар иншооти хурду бузурги ҷашнӣ ҷараёни тоза мегиранд. Айни замон корҳои асосии сохтмонӣ дар як қатор иншоот, аз ҷумла бинои суди ноҳия ба анҷом расида, рангубор ва кабудизоркунии атрофи онҳо идома доранд ва ин иншоот дар арафаи иди Наврўз ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ дар «Чойхонаи миллӣ»-и маркази ноҳия низ анҷом ёфта, дар бинои «Содиротбонк», ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бонӣ» сохта мешавад, аллакай 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба охир расидаанд. Дар бунёди аксар иншооти маданию маишӣ ва варзишӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас аст. Бо дастгирии мақомоти маҳаллии ноҳия 25 нафар соҳибкорон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ шурӯъ намудаанд. Чанде қабл дар ноҳия маркази дўзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки он аз тарафи соҳибкор Сафаралӣ Холов бунёд гардида, дар он беш аз 12 нафар бонувон ба кор ҷалб гардидаанд. Бонувони ин даргоҳ бо дўхтани куртаю тоқӣ ва дигар либосҳои миллӣ талаботи мизоҷонро қонеъ мегардонанд. Бино ба иттилои сармеъмори ноҳия то ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ беш аз 35 иншооти хурду бузург сохта шуда мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






