ДАРГУЗАШТИ БОЗ ЯК ТОҶИК БАР АСАРИ ТАРКИШИ ДОМОДЕДОВО
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Шаҳрванди ҷумҳурӣ Салим Силманов (истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, соли таввалудаш 1969), ки дар таркиши рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рухдода осеб дида буд, шаби гузашта аз олам чашм пӯшид. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷасади номбурда рӯзҳои наздик ба ватан оварда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки бар асари таркиши рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваста ду шаҳрванди тоҷик – Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод ба ҳалокат расида, 20 тани дигар захмӣ шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






